Ҷунбиши фаластинии Ҳамос омода аст, ки дар чаҳорчӯби созиши эҳтимолии оташбас 34 гаравгони исроилиро раҳо кунад. Дар ин бора шабакаи телевизионии Asharq бо такя ба як манбаъ дар ин гурӯҳ хабар дод.
Рӯйхати гаравгонҳоро ҷониби Исроил пешниҳод кардааст ва ба меъёрҳои дар музокироти ахир тасвибшуда мувофиқат мекунад. Дар миёни гаравгонҳо занону кӯдакон ва бемороне ҳастанд, ки дар навори Ғазза нигаҳдорӣ мешаванд. Ҳамос гуфт, ки қабл аз раҳоии гаравгонҳо тақрибан як ҳафта лозим аст, то аҳволи гаравгонҳоро тафтиш кунад ва бубинад, ки онҳо зинда ҳастанд, ё на.
Дар охири моҳи ноябри соли 2024 ба шарофати миёнҷигарии Миср ва Қатар дар навори Ғазза барои як ҳафта оташбас муқаррар карда шуд. Дар ин муддат мақомоти Исроил аз раҳоии 110 гаравгон хабар доданд. Аммо рӯзи 1 декабр созиши оташбас вайрон шуд ва дар Фаластин ҷангҳо аз сар гирифта шуданд. Пас аз чанд даври машваратҳо дар соли 2024 бо иштироки Миср, Қатар ва Иёлоти Муттаҳида, ҷонибҳои даргир натавонистанд дар бораи шартҳои сулҳ ба созиш бирасанд.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, рӯзи 2-юми январ ба ирсоли як ҳайат ба Қатар барои аз сар гирифтани музокирот дар бораи раҳоии гаравгонҳо дар навори Ғазза розӣ шуд. Даври охирини музокирот бо иштироки намояндагони Исроил 24-уми декабри соли 2024 дар Давҳа баргузор шуда буд.