Имрӯз, зимни нишасти матбуотии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорат аз зиёдшавии теъдоди вайроншавии оилаҳо дар ҷумҳурӣ хабар дод.

Вазири адлияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод дар ин бора ишора кард: “Соли 2017-ум 10100 сабти бекор кардани ақди никоҳи шаҳрвандон ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли гузашта 1239 сабти бекор кардани ақди никоҳ зиёд аст. Дар соли гузашта ин нишондод ба 8861 адад баробар буд”.

Доир ба бекор кардани ақди нигоҳ аз тарафти мақомоти дахлдори кишвар дар  идомаи суҳбат номбурда илова кард, ки аз ин теъдоди оилаҳои вайроншуда 7095- тояшро бо қарори суд ва боқимонда  бо розигии тарафайн бекор карда шудаанд. Дар ин миён зиёда аз 8200 фарзанди оилаҳои вайроншуда ба қайд гирифта шуданд.

Рустам Шоҳмурод сабабҳои асосии зиёд шудани теъдоди хонавайрониро дар ҷумҳурӣ ба омода набудану бармаҳал хонадоршавии ҷавонон  рабт дод.

Нуралӣ Карим

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь