Дар асри ХХ1 барои интиқоли мавод ва равуои одамон аз як манзил ба манзили дигар истифода аз хидмати нақлиёти гуногун, аз қабили мошин, қатор, киштӣ ва ҳавопаймо ҳодисаи ногузир ба шумор меравад. Яъне, намудҳои гуногуни нақлиёт мушкилоти бани одамро осон мегардонанд ва дар фурсате тай намудани масофаи муайянро таъмин мекунанд.
Ғайр аз қатор, мардуми зиёд аз хидмати метро фаровон истифода менамоянд. Ин раванд аз одамон тақозо мекунад, ки ба бехатарии ҳаракати нақлиёт риоя кунанд ва ба он ягон монеа эҷод накунанд.
Идораи бозрасии “Ӯзтемирйӯлназорат” барои беҳбуд дар ин самт лоиҳаи низомнома дар бораи гурӯҳбандӣ, санҷиши хадамотӣ ва баҳисобгирии ҳодисаҳои марбут ба вайрон кардани талаботи бехатарии ҳаракат дар нақлиёти роҳи оҳан ва метроро дар маърази баррасӣ қарор додааст. Перомуни ин мавзӯъ сухангӯи “Ӯзтемирйӯлназорат” Фирдавс Хайриддинов ба мухбири “Фараж” маълумоти мухтарасар ироа кард.
Ба гуфтаи Фирдавс Хайриддинов рӯзмарра одамон аз соири шаҳру вилоятҳои Ӯзбекистон, инчунин меҳмонону сайёҳонро аз кишварҳои дуру наздик дар вокзалҳои роҳи оҳан ва стансияҳои метро вохӯрдан мумкин аст. Онҳо беҳуда ба ин ҷойҳо ташриф намеоваранд. Ҳадафашон баҳрабарӣ аз хидмати ин намуди нақлиёт мебошад.
-Бо вуҷуди ин ки борҳо дар бораи риояи тартибот ва таъмини бехатарии ҳаракати қаторҳо тарғибот мебарем, дар ин самт боз як қатор ҳодисаҳои ногаҳонӣ рух медиҳанд, ки дар баъзе маврид ба ҷони одамон, хусусан ҷавонону наврасон хатар таҳдид мекунад,-мегӯячд Фирдавс Хайриддинов.
Вай таъкид меварзад, ки мақомоти идораи бозрасии “Ӯзтемирйӯлназорат” мутмаинанд татбиқи лоиҳаи низомнома барои таъмин бехатарӣ, ба вижа ҷиҳати риояи қоидаҳо аз тарафи хоҷагиҳо ва ташкилотҳои ниҳодҳои роҳи оҳан хеле мусоидат хоҳад кард.
-Гузашта аз ин, ҳадафи лоиҳа муқаррар намудани тартиби ягонаи тасниф, баҳисобгирӣ ва тафтиши хизматрасонӣ дар нақлиёти роҳи оҳан ва метрои ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад. Дар ин бора фармони президент Шавкат Мирзиёев содир шудааст, ки “Дар бораи чорабиниҳои куллан такомул бахшидан ба сохтори идораи давлатии соҳаи нақлиёт” аз 1 феврали соли 2019 содир гардидааст. Он тақозо менамояд, ки ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи мазкурро қабул намоем,-мегӯяд Фирдавс Хайриддинов.
Вай меафзояд, ки ҳозир робита бо кишварҳои ҳамҷавор боз ҳам тавсеа ёфтааст. Рафту омад ва кашондани бору мавод ба шаҳрвандони кишварҳои ҳамҷавор низ тааллуқ дорад. Лозим меояд, ки ин қоидаҳоро дар маҷмӯъ ҳамаи мизоҷон иҷро кунанд. Дар он сурат амнияти боркашонӣ ва мусофирбарӣ беш аз пеш беҳбуд меёбад.
-Инспексия ё ниҳоде, ки сухан дар бораи он меравад, ваколат надорад, ки ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул кунад. Барои ҳамин лоиҳаи низомнома мавриди корбаст қарор хоҳад гирифт. Он таъмини бехатарии интиқоли молу мавод ва мусофиронро аз тариқи нақлиёти роҳи оҳан ва метрополитен тасниф менамояд,-иброз дошт сухангӯи Идораи бозрасии “Ӯзтемирйӯлназорат”-и Ӯзбекистон.
Аз суҳбат бо Фирдавс Хайриддинов маълум шуд, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи ҳуҷҷат таҷрибаи кишварҳои узви ИДМ дар фазои ягонаи миллии роҳи оҳани « фосилаи ягонаи роҳи оҳани 1520» омӯхта ва татбиқ карда шудааст. Он аз 8 боб иборат буда, бар хилофи таҳрири аввал дар таҳрири дуюм ба ҷои забони русӣ аз забони давлатӣ, яъне ӯзбекӣ кор гирифта шудааст ва ба қонунгузориҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон мутобиқат мекунад.
-Яке аз ҳадафҳои дигари лоиҳаи низомнома дар таъмини амнияти нақлиётӣ мадди назар гирифтани коҳиши омили инсон мебошад. Барои ҳамин пеш аз оғози кор ҳамаи ходимони рейси навбатӣ аз назорати тиббӣ мегузаранд ва баъдан ба кор оғоз мекунанд,-қайд намуд Фирдавс Хайриддинов.
Вай тазаккур медиҳад, ки барояш маълум нест дар кишварҳои ҳамсоя дар робита ба кормандони қаторҳо кадом корҳои профилактикӣ анҷом медиҳанд, аммо дар Ӯзбекистон ба ҳар як корманди ин соҳа дар ҷои кор вазъияташон аз нигоҳи ҷисмонӣ, психоэмотсионалӣ ва ҳолатҳои равонӣ ҷиддан баррасӣ мегардад. Инчунин мегӯяд, ки омилҳое мавҷуданд, ки лаёқати касбии ин ё он кормандро заиф мегардонанд. Дар он сурат ин гуна шахс ба рейси навбатӣ роҳ дода намешавад.
-Ҳамаи ин вазифаҳо дар лоиҳаи низомнома нишон дода шудаанд,-мегӯяд Фирдавс Хайриддинов.-Мо ба он ноил мешавем, ки амнияти ҳаракати поездҳои чи борбар ва чи мусофирбар, инчунин қатораҳои метрополитени Тошканд ҳамеша таъмин гардад,-меафзояд ҳамсуҳбати мо.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд