Вазорати корҳои хориҷӣ изҳор медорад, ки амалҳои сершумори вайрон кардани ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳавопаймоҳои бесарнишин, ки аз қаламрави Қирғизистон парвоз мекунанд, идома доранд. Ҳамин тавр, 21 сентябр, аз соати 19:14 то соати 22:46 парвози ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон дар болои шаҳрҳои Исфара, Конибодом, ноҳияҳои Деваштич, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Лахш, Рашт ва Мурғоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида карда шуд. Дар посгоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон «Росровут», «Муряк» ва «Нуробод» низ ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон мушоҳида гардиданд.

«Мо чунин амалҳои иғвоангезонаи ҷониби Қирғизистонро дағалона вайрон кардани тамоми созишҳо ва таҷовуз ба қаламрави давлати соҳибистиқлол мешуморем», – омадааст дар изҳорот.

Дар ин изҳорот Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон талаб кардааст, ки фавран вайрон кардани ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъ кунад.

“Дар акси ҳол, ҷониби Тоҷикистон вазъро ҳамчун омодагӣ ба таҷовузи навбатии Қирғизистон арзёбӣ мекунад, ки масъулияти он бар дӯши ҷониби Қирғизистон вогузор хоҳад шуд», — таъкид шудааст дар изҳороти ВКХ ҶТ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь