Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии кишвар бунёди 24 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудаст, ки азимтарини он корхонаи насоҷӣ аст, ки баъди ба истифода додани он  480 кас бо ҷойи кор таъмин мешаванд.

Сармеъмори бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи мазкур Фарҳод Тағоев гуфт, ҳоло дар 12 иншоот корҳои сохтмонӣ оғоз шудаву дар 5 корхонаи дигар корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбӣ мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби соҳибкор Бароталӣ Юсупов сохтмони корхонаи нассоҷӣ ба охир расида, рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад, ки ин корхона бо харҷи 10 миллион доллар бунёд ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь