Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии кишвар дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон 16 синфхонаи иловагӣ барои 800 ҷойи нишаст дар ду баст ба истифода дода шуд.
Аз Шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур хабар доданд, ки дар Вахш се бинои таълимӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 22, 29 ва 76 ифтитоҳ карда шуданд.
Гуфта шуд, ки дар ҷамоати шаҳраки Киров шӯъбаи дуюм деҳаи Ленин – 2 бинои таълимиро дар назди МТМУ 22 мавриди истифода қарор доданд.
Ин бинои таълимӣ аз тарафи Сафоратхонаи Ҷопон ва “Ташкилоти ҷамъиятии бинокор” иборат аз 8 синфхона барои 200 хонанда дар як баст бо сифати баланд сохта шудааст.
Ҳамчунин дар ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ, деҳаи Саъдии Шерозӣ назди мактаби рақами 29-ум 4 синфхонаи иловагӣ барои 100 нафар дар як баст бунёд шудааст. Бояд гуфт, ки дар бунёди ин синфхонаҳо саҳми соҳибкор Раҷабалӣ Собиров баланд арзёбӣ мешавад.
Қайд гардид, ки дар ҷамоати шаҳраки Киров шӯъбаи дуюм, деҳаи Мардатсой ҳайати гурӯҳи корӣ 4 синфхонаи навбунёдро дар назди муассисаи таълимии рақами 76 ифтитоҳ карданд. Синфхонаҳо бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ва волидайни хонандагон бо сифати баланд барои 100 нафар дар як баст сохта шудаанд.