Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон қарзи ташкилоту идораҳо, аҳолӣ, корхонаҳо ва дигар муштариён аз ҳаққи истифодаи барқ ба 52 миллиону 881 ҳазору 877 сомонӣ расидааст, ки миёни онҳо ҳукумати ноҳия низ ҳаст.

Сафархон Ғуломов, роҳбари тиҷоратии шабакаҳои барқи ноҳияи Вахш, дар сӯҳбат ба “Фараж” гуфт, аз 52,8 миллион қарзи барқ 25 миллиону 299 ҳазораш қарзи аҳолӣ, 1 миллиону 123 ҳазораш қарзи корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ ва боқӣ аз дигар муштариён мебошад.

Ба иттилои ӯ, аз ҳама қарзи бештар дар Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия  3 миллиону 603 ҳазор сомонӣ, Беморхонаи марказӣ 172 ҳазору 933 сомонӣ, ҳукумати ноҳия 68 ҳазору 169 сомонӣ аст.

Номбурда илова кард, ки дар 8 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ҳукумати ноҳия танҳо барои истифодаи барқ 2 ҳазор сомонӣ пардохт шудасту халос, аммо дар ҳашт моҳ ҳукумати ноҳия беш аз 18 ҳазору 500 сомонӣ барқ истифода кардааст.

– Масъулони ташкилоту идораҳои қарздор бояд дар пардохти маблағи барқ саҳлангори накунанду саривақт маблағи барқи истифодакардашонро супоранд, -гуфт Сафархон Ғуломов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here