Ғоратгарӣ чун амали нангин миёни ҷавонписарон, бо истифода аз корду дигар ашёҳои монанд, ба қайд гирифта шудааст, аммо ба чунин ҷиноят даст задани духтарони ҷавон боз ҳам нангинтар аст.

Кормандони милитсия дар шаҳри Ваҳдат бо гумони ғоратгарӣ як ҷавондухтари 20-солаи сокини ҷамоати деҳоти Б. Бурунови шаҳрро боздошт кардаанд, ки гуфта мешавад, дар ду ҳолат даст ба ҷинояти ғоратгарӣ задааст. ВКД хабар медиҳад, ки ҷавондухтари мазкур 24-уми августи соли равон тахминан соатҳои 16:00, бо роҳи зӯроварӣ аз гӯшҳои духтарчаи 7-сола 1 ҷуфт гӯшвори тиллоиро тасарруф карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст ва ба волидони кӯдак 750 сомонӣ зарари молӣ расонидааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчунин муайян карда шудааст, ки номбурда санаи 28-уми сентябри соли 2020 низ, тахминан соатҳои 17:30 дақиқа, бо роҳи зӯроварӣ аз гӯшҳои духтарчаи дигари 8-солаи сокини ҳамин шаҳр 1 ҷуфт гӯшвори тиллоиро тасарруф карда будааст, ки гӯшвораҳо 1 ҳазору 300 сомонӣ арзиш доштаанд.

Гуфта мешавад, аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад ва барои муайян кардани ҳолатҳои дигар ҷавондухтар дар боздоштгоҳ нигоҳ дошта мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here