Ҷудокори тоҷик Комроншоҳ Устопириён пас аз мағлубияташ дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар саҳифаи инстаграми худ аз мардуми Тоҷикистон бахшиш пурсид.
“Ассалому алайкум, ҳамватанони азиз! Имрӯз дар Бозиҳои олимпӣ мағлуб шудам. Ман аз тамоми мардуми азизам узр мехоҳам, ки натавонистам ҳунари худро нишон диҳам. Поёни шаби сиёҳ сафед аст!”, – навиштааст Комроншоҳ.
Баъзе аз расонаҳо сабаби мағлубияти ӯро ба пандемии коронавирус рабт додаанд. Гуфта мешавад, ҷудокори тоҷик қабл аз сафар ба Токио аз сирояти коронавирус табобат гирифтааст. Директори телевизиони “Варзиш” Парвиз Нориён дар саҳифаи фейсбуки худ пас аз мағлубияти Устопириён чунин навишт: “… қабл аз сафар ба Токио 20 рӯз аз курунои дунёгир табобат гирифт, даҳ рӯз дар беморхона хобид, бо марг меҷангид ва ба касе шикоят накард”.
Комроншоҳи Устопириён 28-уми июл дар Бозиҳои олимпии Токио дар вазни то 90кг аз даври дуюм мусобиқаро оғоз кард ва аз ҳарифи фаронсавии худ Аксел Клерҷе шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи иштирок дар Бозиҳои олимпӣ маҳрум гардид.