Президенти феълии Узбекистон Шавкат Мирзиёев 87,05 дарсади ороро ба даст оварда, дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ пирӯз шуд, гуфт раиси Маркази марказии интихобот Зайниддин Низомхоҷаев.
Раиси комиссияи интихоботӣ дар нишасти хабарӣ гуфт, “87,05 дарсади шумори умумии интихобкунандагон ба ҷонибдорӣ аз номзади Ҳизби либерал-демократии Узбекистон Шавкат Мирзиёев овоз доданд”.
Дар ҷойи дуюм бо 4,43 дарсади овозҳо номзад аз Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат», муовини аввали раиси Суди Олӣ Робахон Маҳмудова, дар ҷойи сеюм раиси Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон (ҲХДУ) Улуғбек Иноятов бо 4,02 дарсади овозҳо қарор доранд. Ҷойи чорумро раиси Ҳизби экологӣ Абдушукур Ҳамзаев гирифтааст, ки 3,74 дарсади ороро ба даст овардааст.
Тибқи иттилои маркази интихоботӣ, ширкат дар интихобот 79,8 дарсад, ё худ 15,6 миллион нафарро ташкил додааст. Мирзиёев дар интихоботи президентии соли 2021 бо 80,31 дарсади оро ва ширкати 80,04 дарсади оро пирӯз шуда буд.
Рӯзи якшанбе дар Узбекистон интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор шуд. Ин нахустин интихоботи сарвари давлат пас аз ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосӣ аст, ки муҳлати ваколати президентро аз 5 то 7 сол тамдид мекунад. Бар асоси қонуни конститутсионӣ, Шавкат Мирзиёеви 65-сола, президенти феълии кишвар, ки бори дуюм дар ин мақом аст, метавонад дубора ба ин мақом номзад шавад.