Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 6-уми январ то 6 марти соли равон, бо иштироки бонувони сохторҳои вазорату идора, раёсату муассиса ва ташкилоту корхонаҳои пойтахт барои дарёфти Ҷоми  раиси шаҳри Душанбе мусобиқаи волейбол баргузор мекунад.

Ташкилкунандагон мақсади асосии баргузороии чунин чорабиниро дар сазовор таҷлил намудани Рӯзи модар ва тарғиби тарзи ҳаёти солим арзёбӣ мекунанд.

Аз раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, ки  мусобиқа 6-уми январ бо бозии дастаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва «Насли солим»-и раёсати тандурустии шаҳри Душанбе оғоз гардид.

Гуфта мешавад, ки дар  мусобиқаи мазкур 25 дастаи бонувон байни ҳам қувваозмоӣ намуда, он дар арафаи Рӯзи модар, 6-уми марти соли 2018 ҷамъбаст мегардад.

Ғолибон бо Ҷоми раиси пойтахт ва мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз мегарданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь