Дар дарёи Панҷ ҷустуҷӯи ҷасади панҷ сокини Хоруғ, аз ҷумла тифли яксола, ки дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидаанд, идома дорад.

Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 23-юми май дар баёнияи расмӣ хабар дод. Фоҷиа рӯзи 20-уми май дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ва роҳи Душанбе-Хоруғ рух додааст.

Мувофиқи маълумоти вазорат, Ҳаким Гулзоров, ронандаи мошини “Тойота Ландкрузер”, ҳангоми ҳаракат идораи мошинро аз даст додааст ва мошин ба дарё рафтааст. Худи ронанда ва як мусофири дигар аз мошин ҷаҳида зинда мондаанд, дигар мусофирон, ки дар байнашон як тифли яксола ва ду навраси 9 ва 10-сола буданд, ҷон додаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь