Бино ба маълумоти пешакӣ аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ, рӯзи 21уми майи соли 2025, соати 22:28, хабар расидааст, ки дар натиҷаи гармии ногаҳонии дамо ва боло рафтани сатҳи об дар рӯди Вамар, об аз соҳил берун шуд ва маҷрои худро дигар кардаву садди муҳофизатиро шуст.
Дар натиҷа об ба замини наздиҳавлигӣ ва иншооти ёрирасони шаҳрванд Рустамов Асрад Амадбекович об ворид гардидааст. Раёсати КҲФ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ дода, ки ин ҳодиса талафоти ҷониву хисороти дигар надошт, аммо ҳамзамон ҳушдор медиҳад, ки бар асари гармои рӯзҳои оянда метавонад ин ҳодиса такрор шавад. Аз ин рӯ, лозим аст сокинон сари вақт чораҳои бехатарӣ андешанд, ҷӯву заҳбурҳо ва селроҳаҳоро ба ҳар гуна селовардаҳо тоза кунанд.