“Умед”, филми ҳуҷҷатии Исматулло Абдуллоев, дар фестивали “Student world impact film festival” сазовори ҷоизаи фахрӣ гардид.

Фестивали филмҳои ҷаҳонии донишҷӯён (SWIFF) ба баланд бардоштани маҳорати филмбардорони ҷавон (хусусан аз нажоду миллат ва фарҳангҳои аз ҷиҳати таърихӣ ҷудошуда) тамаркуз мекунад, то ба онҳо имкон диҳад, ки филмҳои худро бо ҷаҳон мубодила кунанд ва пешниҳоди он 100 дарсад ройгон аст.

SWIFF яке аз бузургтарин ҷашнҳои филмсозони донишҷӯӣ дар ҷаҳон аст.

Филми мазкур дар бораи дастрасӣ надоштани хонандагони деҳаи Чашмасор ба мактаб, қисса мекунад.

Маврид ба зикр аст, ки соли 2021 низ “Умед” дар ҷашнвораи “MediaCamp Fest” сазовори ҷойи севвум гашта буд.

Исматулло Абудуллоев яке аз се корманди МТЖТ мебошад, ки соли ҷорӣ бо хоҳиши худ ба хизматӣ ҳарбӣ рафт. Ӯ айнӣ ҳол дар ноҳияи Абдурамони Ҷомӣ адои хизмат мекунад. Исматулло пеш аз хизмат рафтан дар Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ба ҳайси корманди техникӣ кор ва фаъолият мекард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here