Аз ҷониби ҳукумати вилояти Хатлон ба оилаи афсарону сарбозоне, ки дар муноқишаҳои марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҷон дода буданд, беш аз 300 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд.

Аз Сарраёсати молияи вилояти Хатлон хабар доданд, ба ҳар оилаи сарбозони фавтида 10 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар маҷмуъ беш аз 300 ҳазор сомонӣ,  кӯмак карда шуд.

Ҳамчунин, аз ҷониби мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳое, ки сокинонашон аз тири душман ҷон дода буданд, 5 ҳазор сомонӣ кумаки яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд.

Сарбозоне, ки дар даргириҳои марзӣ дар вақти ҳимояи хоки сарзамини хеш мардонавор ба шаҳодат расидаанд, ҳеҷ гоҳ аз хотираи миллати тоҷик фаромӯш намешаванд, гуфта мешавад дар иттилоияи ҳукумати вилоят Хатлон.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь