Аз 11 то 13-уми октябр дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мусобиқаи байналмилалии ҷудо баргузор шуд, ки дар он 6 намояндаи Тоҷикистон ширкат карданд ва се медал ба даст оварданд.

Дар рӯзи аввали мусобиқаи Abu Dhabi Grand Slam 2024 Обид Ҷебов дар вазни то 66 кг барандаи медали биринҷӣ гардид. Абубакр Шеров дар рӯзи дуюм дар вазни -73 кг медали нуқра ба даст овард. Дар рӯзи сеюм Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -100 кг медали биринҷиро ба даст овард. Умедҷон Раҷабов (-90кг) мақоми 7-умро касб кард. Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг) ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг) дар даври аввал ноком шуданд.

Ҳамин тавр, аз ҳисоби медалҳо Нидерланд бо 2 медали тило, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ мақоми аввалро соҳиб шуд. Фаронса бо 2 медали тило, 3 нуқра ва 2 биринҷӣ дуюм шуд. Олмон, АМА, Озарбойҷон ва Хорватия дар шашгонаи беҳтарин ҷой гирифтанд. Тоҷикистон бо 1 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ мақоми 7-умро дар миёни 29 кишвар касб кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь