Аз 17-ум то 19-уми феврали соли ҷорӣ дар кишвари Исроил мусобиқаи навбатӣ аз силсиламусобиқоти ҷудои ҷаҳонӣ – Гранд Слами Тел Авив баргузор мегардад.

Тибқи иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дар ин мусобиқа кишвари моро 4 варзишгар – Сомон Маҳмадбеков вазни -73 кг, Шодмон Ризоев -81, Ҷаҳонгир Маҷидов -90 ва Темур Раҳимов +100   намояндагӣ мекунанд.

Федератсияи ҷаҳонии ҷудо (IJF) хабар медиҳад, ки дар мусобиқаи “Grand Slam Telaviv-2022” иштироки 304 варзишгар (167 мард ва 137 зан) аз 34 кишвари дунё дар назар аст. Мардҳо дар вазнҳои -60 кг, -66, -73, -81, -90, -100 ва +100 ва бонувон дар -48, -52, -57, -63, -70, -78 ва +78 мубориза мебаранд.

Дар асоси барномаи мусобиқа Сомон Маҳмадбеков ва Шодмон Ризоев рӯзи дуюм (18 феврал), Ҷаҳонгир Маҷидов ва Темур Раҳимов рӯзи сеюм (19 феврал) ҳунарнамоӣ мекунанд.

Маблағи умумии ҷоизаи мусобиқоти “Grand Slam Tel aviv 2022” 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор барои варзишгароне, ки ҷойи аввалро мегиранд, 3000 евро, зинаи дуюм 2000 евро дода мешавад ва ҷойҳои сеюм 1500 евро ба даст меоранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь