Дар ноҳияи Қубодиён аз ҷониби соҳибкорон 10 километр роҳҳои маҳаллӣ ба маблағи 5 миллиону 526 ҳазор сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
Сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи мазкур Қурбоналӣ Хоҷаев гуфт, ки дар мувоизинаи муассиса 144 киломер роҳҳои аҳмияти маҳалидошта мебошад, ки аксари онҳо солҳои тӯлонӣ рӯйи таъмиро надида будаанд.
– Хушбахтона, сол то сол бо дастгирии соҳибкорону шахсони саховатманди ноҳия роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ мешаванд, – илова кард ӯ.
Манбаъ афзуд, ки дар 8 моҳи соли ҷорӣ соҳибкорони ноҳия 10 километр роҳро таъмири асосӣ, 10 киломтер сангфарш карда ду пулро пурра навсозӣ ва 22 аломати роҳ насб карданд, ки дар ин кор 5 миллиону 526 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст.
Қурбоналӣ Хоҷаев афзуд, ки аз ҷониби мақомоти маҳал дар ин давра барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ 10 ҳазор сомонӣ ва аз тарафи Вазорати нақлиёт 98,3 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд, ки бо ин маблағҳо роҳҳо таъмири ҷорӣ, асосӣ ва сангфарш карда шуданд.