Дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон масъулон ният доранд, ки як корхонаи азими сементбарори бисозанд ва боғи фарҳангию фароғатие, ки солҳо мардуми ин ноҳия интизораш буданд, бунёд кунанд.

Раиси ноҳияи Қубодиён Садирддинзода Бадриддин зимни нишасти хубарӣ гуфт, дар ҷамоати деҳоти Носири Хусрави ноҳия азимтарин корхонаи истеҳсоли семент бунёд карда мешавад.

– Ин корхонаи семент дар  як шабонаруз 5 ҳазор тонна сементи навъи М-400 ва 300 истеҳсол мекунад, – илова кард ӯ ва афзуд, ки баъди ба истифода  додани корхона 2000 ҳазор ҷойи нави корӣ барои сокинони маҳаллӣ муҳайё хоҳад шуд.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Раиси ноҳия дар идома қайд кард, ки беш аз 200 ҳазор аҳолии ноҳия солҳо боз аз надоштани боғи фарҳангию фароғатӣ танқисӣ мекашиданд, ки хушбахтона орзуи деринтизори онҳо амалӣ гардид.

Раиси илова кард, ки омили тӯл кашидани бунёди боғ ҳуҷатгузории он буд, ки алҳол ҳама ҷо ба ҷо шуда, дар ҳамдастӣ бо соҳибкорон дар майдони 7 гектар замин, ки барои он ҷудо гардидаст, боғи замонавӣ барои истироҳату фароғати сокинон бунёд карда мешавад. Ҳоло корҳои лоиҳакашии бунёди боғ оғоз шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here