Чанде пеш дар як садамаи нақлиётӣ дар Қазоқистон шаш сокини ноҳияи Қубодиён, ки ба Русия сафар доштанд, ҷон доданд. Онҳоро рӯзи 25 май дар зодгоҳашон ноҳияи Қубодиён ба хок супориданд.
Садамаи мудҳише, ки рӯзи 20-уми май дар қаламрави Қазоқистон рух дод, боиси марги шаш шаҳрванди Тоҷикистон гардидааст. Дар натиҷаи бархӯрди мошини “Форд Транзит” бо як воситаи нақлиёти боркаши тамғаи DAF, панҷ нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамаи фавтидагон 25 май дар зодгоҳашон ноҳияи Қубодиён ба хок супорида шуданд
Блоки рекламавӣ