Дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон дар 7 моҳи соли 2019-ум 5 зан ва 29 кӯдак ҳангоми таввалуд фавтиданд, ки ин боиси аз вазифа рафтани се роҳбар гардидааст.

sdr

Сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён Холмурод Ояматов омили фавти занону кӯдаконро дер муроҷиат кардани занони ҳомила ба бемористон ва бемасьулиятии баъзе пизишкон гуфт.

Гуфта шуд, баъди ин ҳодисаҳо сардухтури беморхонаи марказӣ, беморхонаи рақами 1 ва сардори  Кумаки авалияи тиббиву санитарии ноҳия барои бемасъулиятиаашон аз вазифа сабукдӯш шуданд.

Ҳоло беморхонаи марказии ноҳия ба таҷизотҳои муосири тиббӣ, аз қабили рентгени рақамӣ, томографи компютерӣ ва  пизишкони момодоя зиёд эҳтиёҷ дорад.

– Дар нимсолаи соли 2019 дар вилояти Хатлон 13 нафар зан ҳангоми тавалуд фавтидаанд, ки 6 ҳолати он дар ноҳияи Қубодиён  мебошад,  – қайд  кард сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Раҷабзода Миралӣ зимни нишасти матбуотӣ.

sdr

Манбаъ гуфт, ки фавти модару кӯдак дар вилоят нигаронкунанда аст.

Бо назардошти мушкилотҳои мавҷуда вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода доир ба рафъи камбудиҳои мавҷуда ба сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Мирзоалӣ Раҷабзода супоришҳои мушаххас дода, инчунин таъкид кардааст, ки дар сурати дар муҳлати муайянгардида ислоҳ нашудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта нисбати масъулини соҳаҳои болозикр дар ин вилоят чораҳои мушаххас андешида мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, раиси ноҳияи Қубодиён Файзулозода Зафар, зимни суҳбат қайд кард, ки дар соҳаи тандурустии ноҳия дар ҳақиқат  мушкилот зиёданд, аммо онҳо зина ба зина  бартараф гардида, шароити хизматрасонии тиббӣ барои аҳолӣ беҳтар хоҳад шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь