Дар ноҳияи Қубодиён бо сабаби набудани қувваи корӣ, оби полезӣ, фарсуда шудани насосҳои обкашӣ ва дигар омилҳо 683 гектар замини корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ дур мондааст.
Сардори Кумитаи идораи замини ноҳияи мазкур Абдуалимзода Салим гуфт, ин заминҳо корами обӣ буданд, ки солҳои пеш кишт мешуданд. Мутасифона, њоло аз сабаби набудани оби полезӣ, фарсуда шудани насосҳои обкашӣ, набудани қувваи корӣ аз гардиши кишоварзӣ дур монданд.
Манбаъ илова кард, ки аз ин заминҳо 332 гектарашро ширкати «Исмоили Сомонӣ» гирифтааст ва нақша дорад, ки ин заминҳоро дубора ба гардиши кишоварзӣ ворид созад.
Блоки рекламавӣ