Бақияпулиҳои истифодабарии нерӯи барқ дар ноҳияи Қубодиён  бо назардошти солҳои пешин 32,9 млн сомониро ташкил медиҳад, ки бештари он аз ҳисоби идораҳои об ва хоҷагиҳои кишоварзӣ  аст. Дар ин бора Сабурзода Мирзодавлат дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ӯ афзуд, ки асосан қарзҳои барқ  аз ҳисоби хоҷагиҳои кишоварзӣ 18,5 млн сомонӣ, Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ 6,4 млн. сомонӣ, КДФ “Обтаъминкуни” 3,7 млн, сомонӣ, бақияпулиҳои қарзи ҷорӣ бошад 6,0 млн сомониро ташкил медиҳад.

Раис гуфт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати марҳила ба марҳила кам  кардани бақияи қарзи барқ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь