Аз Маркази кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Қубодиён 51 нафар корманд корро тарк кардаанд, ки 23 нафарашон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.

Файзуллозода Каримҷон

Директори ин ниҳод Файзуллозода Каримҷон ба “Фараж” гуфт, ки аз 23 нафар корманди ин марказ, ки ба муҳоҷират рафтаанд, 17 нафарашон ҳамшираи шафқат буда, 5 нафари дигар духтур мебошанд.

– Баъди корро тарк кардани онҳо ноҳия ба 8 пизишк ниёз дорад, – гуфт ин шахси масъул.

Чанде пеш аз Раёсати тандурстии вилояти Хатлон хабар дода буданд, ки дар солҳои 2020-2021 аз муассисаҳои соҳаи тандурустии вилояти Хатлон 83 пизишк бо далели мушкилоти иқтисодӣ ва надоштани манзили зист тарки соҳа карда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки ин омил масъулони соҳаи тандурустиро нигарон кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь