Дар 11 моҳи соли равон ба шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Қубодиён 1 ҳазору 594 нафар барои пайдо кардани ҷойи кор муроҷиат кардаанд, ки аз он 1 ҳазору 278 нафарашон бо қойи кори доимӣ таъмин шудаанд.
Сардори Шӯъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи мазкур Ойдиной Авазалиева гуфт, ки дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба ин шӯъба 1 ҳазору 594 нафар барои пайдо кардани ҷойи кор муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо 1 ҳазору 456 нафараш ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, ба 1 ҳазору 325 кас мақоми бекорӣ дода шуд.
Ӯ иттилоъ дод, ки аз шумораи нафароне, ки барои пайдо кардани ҷойи кор муроҷиат карда буданд, 1 ҳазору 278 нафарашон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, ҳамчунин 110 нафар тариқи квота соҳиби ҷойи кор шуданд.
– Дар ин мудат 43 нафар ба корҳои фардӣ ва 80 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ фаро гирифта шуданд, – илова кард мавсуф ва гуфт, ки дар ноҳияи Қубодиён 12 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор карда шуда, ба воситаи ин ярмаркаҳо 153 нафари дигар соҳиби ҷойи кор шуданд.
Қайд гардид, ки ҳоло дар ноҳия 149 ҷойи нави кории холӣ мавҷуд аст, ки хоишмандон метавонанд ба шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ муроҷиат кунанду соҳиби ҷойи кор шаванд.
– Ба ҷуз таъмини ҷойи кор, 187 нафари дигар ба касбомузӣ ҷалб гардида соҳиби шаҳодатномаи малакаи касбӣ шуданд, – афзуд Ойдиной Авазалиева.