Дар ноҳияи Кӯшониён вилояти Хатлон 4 ҳазор дона дарахти тут, ки аз Ӯзбекистон оварда шудаанд, шинонида шуданд. Саидмар Қувватов, як масъули Раёсати кишоварзии ноҳияи мазкур, ба Фараж гуфт, ки ҳоло дар майдони 2,5 гектар замин ба хотири рушди соҳаи пиллапарварӣ боғи тут бунёд карданианд.
Манбаъ гуфт, ки 4 ҳазор дона дарахти тут аз кишвари Ӯзбекистон оварда шуда, дар шоҳроҳи Бохтар – Кӯшониён шинонида шуданд.
– Дарахтони тут ба иқлими ноҳия мутобиқ мебошанд ва аз тутҳое, ки ҳоло дар кишвар ҳастанд, ба куллӣ фарқ доранд. Ин дарахтон ҳар сол аз бех бурида шуда, соли дигар боз аз нав месабзанд.
Блоки рекламавӣ