Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои ҷустуҷӯву наҷоти зилзиладагони Туркия дар шаҳри Қаҳрамонмаръаш идома медиҳанд ва дар нахустин рӯзи оғози фаъолияти худ муддати 17 соат талош карданд дар кори рафъи паёмадҳои ин зилзилаи мудҳиш саҳм гузоранд. Дар ин бора КҲФ-и Тоҷикистон хабар дод.

Аз зери тӯдаи хоку сангу бетони як хонаи истиқоматӣ шашошёна наҷотдиҳандагон ҷасади нуҳ нафар ҳалокшудагон аз ҷумлаи бошандагони ин биноро берун оварданнд. Ду туфангча ва камон бо тирҳояш, ҳамчунин 400 грамм ороишоти тиллоро низ пайдо карданд. Ҳамаи ашёи ёфтшударо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Қаҳрамонмаръаш супурданд.

Корҳои наҷот башиддат идома доранд. Техникаи вазнин деворҳои бетонии сарозершуда ва шикастапораҳои вазнинро аз ҷо боло мекунад ва наҷотдиҳандагони КҲФ зери ҳар шикастапораро бадиққат аз назар мегузаронанд, бо дастонашон он тикаҳои деворҳоро мебардоранд. Онҳо бештар ба он таваҷҷуҳ мекунанд, ки шояд зери шикастапорае ҷони зиндаро ёбанд ва ё ҷасади оғӯшта ба хокро, ки берунтари ин бинои хароба пайвандон ба сад умед интизори пайғоме аз азизонашон нишастаанд.

Сокинони зиндамондаи биноҳои вайрона ба имдодгарони КҲФ барои заҳматҳояшон изҳори сипос мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь