Раҷаб Тайиб Эрдуғон пас аз шумориши 98 дарсади баргаҳои раъй камтар аз 50 дарсади ороро ба даст овард.

Дар интихоботи президентии Туркия бар асоси натоиҷи шумориши 98 дарсади баргаҳои раъй, президенти феълӣ Раҷаб Тайиб Эрдуғон 49,35 дарсади оро ва Камол Қиличдароғлу, раҳбари мухолифин, 45 дарсади ороро ба даст овардаанд.

Синон Оган аз Эътилофи миллатҳо (эътилофи ниёгон) то кунун 5,3 дарсади ороро ба даст овардааст.

Дар сурати ҳеҷ кадоме аз номзадҳо бештар аз 50% овозҳоро ба даст наоваран, даври дуюми интихобот баргузор мешавад. Синон Оган ваъда дод, ки дар сурати баргузории даври дуюми интихобот аз Камол Қиличдароғлу пуштибонӣ хоҳад кард.

Даври дуюми интихобо 28-уми май баргузор мешавад. Акнун интихобкунандагон аз ду нафар – Эрдуғон ва Қиличдароғлу якеро бояд интихоб кунанд. Дар даври аввали интихоботи президентӣ ба ҷуз аз Эрдуғон ва Қиличдароғлу ду нафари дигар – номзад аз блоки аҳзоби хурд, узви собиқи Ҳизби халқии ҷумҳурихоҳ Муҳаррам Инҷа ва намояндаи Иттиҳоди миллатҳо (АТА) Синон Оган намояндагӣ мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь