Ҳизби коргарии Курдистон (ҲКК), ки дар Туркия ҳамчун созмони террористӣ эътироф шудааст, расман пароканда ва хотимаи муборизаи мусаллаҳонаашро эълон кард. Дар ин бора хабаргузории Rudaw хабар додааст.
Бар асоси баёния, ин тасмим натиҷаи анҷумани ин созмон аст, ки аз 5 то 7-уми май баргузор шуд. Анҷуман ба дунболи даъвати раҳбари ҲКК Абдулло Оҷалон, ки дар моҳи феврали соли равон аз ҳизб даъват кард, силоҳро гузоранду пароканда шаванд, даъват шуда буд. Ёдовар мешавем, ки Оҷалон аз соли 1999 инҷониб дар зиндони ҷазираи Имралӣ дар баҳри Мармар ҳукми зиндони якумриро сипарӣ мекунад.
Рӯзи 1-уми март ҲКК алайҳи Туркия оташбаси якҷониба эълон кард ва ваъда дод, ки дар моҳи май Анҷумани ҳалкунанда баргузор хоҳад кард.
Дар ҳоли ҳозир шумори курдҳои туркӣ 14 миллион нафар аст, ки ин беш аз 15 дарсади аҳолии Туркияро ташкил медиҳанд.