Имдодгарони КҲФ-и Тоҷикистон аз зери вайронаҳои шаҳри Қаҳрамонмаръаш дар Туркия ду нафарро зинда берун овраданд, ки яке аз онҳо тифли шашмоҳа аст.

Дар ҷараёни роҳандозии корҳои наҷот дар шаҳри Қаҳрамонмаръаши Туркия наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду нафарро зинда аз зери вайронаҳо берун оварданд, ки яке тифли 6-моҳа буд.

Дар натиҷаи истифодаи дақиқи таҷҳизоти наҷот дар умқи як вайрона, зери теппаи сангу бетону хок одамони зиндаро ҳис карданд. Онҳо хеле ба зудӣ, вале эҳтиёткорона ҳама монеъаҳоро бартараф карданд ва тифли шашмоҳаро ҳамроҳ бо падараш берун кашиданд.

Ин ду нафар зери вайронаҳо муддати 6 рӯз зинда монда буданд. Ҳангоме, ки наҷот медоданд, ин ду нафар ба хубӣ вазъро метавонистанд ташхис кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь