Додгоҳе дар Истанбул ҳунарпешаи маъруфи синамои Туркия Холид Ургенҷро бо иттиҳоми шоҳидии бардурӯғ ба 1 солу 10 моҳи зиндон маҳкум кардааст.
Ин парванда ба эътирозҳои соли 2013 дар боғи Ғозӣ рабт дорад, навиштааст ТАСС бо такя ба нашрияи Sözcü. Дар оғоз айбдоркунандаи давлатӣ хостори ҳукми 4 соли ҳабс ба ҳунарпешаи 55-сола буд, вале баъд бо сабаби ин ки ҳунарпеша гузаштаи ҷиноӣ надоштааст, ҳукмашро сабук карданд.
Худи Ургенҷ гуфтааст, ки аз ин ҳукм розӣ нест ва аз болои он шикоят хоҳад кард. Ӯ гуфтааст, ки “ҳеҷ гоҳ дурӯғ нагуфтааст ва аз болои ин ҳукм шикоят хоҳад кард”.
Ҳукми додгоҳи Истанбул рӯзи 22 май содир шудааст.
Холид Ургенҷ бо иҷрои нақши Султон Сулаймон дар сериали “Асри мӯҳташам” маъруф шудааст.
Блоки рекламавӣ