Ноиби президенти Туркия Фуат Оқтой гуфт, ҳамлаи террористӣ дар кӯчаи сайёҳии Истиқлоли Истамбулро як зан анҷом додааст.

Ба гузориши Йени Сафак, бо истинод ба ноиби президент Фуат Октай, теъдоди захмиён дар инфиҷор дар маркази Истамбул ба 81 нафар расид. Шаш нафар кушта ҳам дар ин ҳодиса ҳастанд. Пештар дар бораи 53 маҷруҳ ва 6 кушта гузориш шуда буд.

Октой ҳамчунин изҳор дошт, ки таркиш дар ҳоли ҳозир як ҳамлаи террористӣ арзёбӣ мешавад ва эҳтимол онро зан анҷом додааст.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия, ин ҳамларо маҳкум кард.

Таркиш рӯзи якшанбе дар маркази Истамбул, дар кӯчаи серодами Истиқлол рух дод. Ин яке аз минтақаҳои машҳуртарини сайёҳии шаҳр аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here