Зимни заминларзаи шадид дар Туркия дар вилояти Хатай, ки шояд аз ҳама бештар харобӣ дида буд, танҳо як шаҳр – Эрзин беосеб монд. Дар ин ҷо ягон бино вайрон нашуд, куштаю захмдорон набуданд.

Ба гузориши “Ҷумҳурият”, шаҳрдори Эрзин Оккеш Элмасуғлу ин падидаро танҳо бо кор дар чаҳорчӯби қонун шарҳ додааст. Элмасуғлу гуфт: “Мо талафоти ҷонӣ, захмӣ ва фурӯпошӣ надоштем”.

Вай таъкид кард, ки дар шаҳр сохтмони ғайриқонунӣ қатъиян манъ аст. Ба гуфтаи раиси шаҳр, ӯ ҳатто ба наздиконаш ҳам ба сохтмони ғайриқонунӣ роҳ намедиҳад ва меъёри сохтмони биноҳои дар шаҳр бунёдшуда хеле бодиққат тафтиш мешавад.

«Ман виҷдони пок дорам. Дар ҳеҷ сурат мо ба сохтмони ғайриқонунӣ роҳ надодаем. Албатта, одамоне ҳастанд, ки роҳ ёфта бино сохтанӣ мешаванд. Мо онҳоро ҷазо медиҳем ва дар марҳилаи муайян аз он пешгирӣ кунед”, – мегӯяд раиси шаҳр.

Оккеш Элмасуғлу дар интихоботи маҳаллӣ дар 31 марти соли 2019 мири шаҳр интихоб шудааст. Худи Элмасуғлу дар Эрзин таваллуд ёфта ба воя расидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь