Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ҳайати кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав зиёда аз 100 ҳазор адад ниқоби тиббӣ ва 2 адад ҳароратсанҷи фосилавӣ тариқи ройгон дода шуд.

Аз Маркази иттилоотию таҳлилии донишгоҳи мазкур хабар доданд, ки ин иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  бо мақсади пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 мебошад.

Гуфта шуд,ки маъмурияти донишгоҳ баҳри пешгирии ин вабои аср тамоми чораҳоро андешида, донишҷӯёну омӯзгоронро бо ниқобу маҳлулҳои безараргардонӣ таъмин кардаанд.

Аз маркази мазкур гуфтанд, ки биноҳо ва синфхонаҳои донишгоҳ пурра аз таъмир бароварда шуда, барои соли нави хониш сад дарсад омода аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь