Аз 2 то 7-уми августи соли равон дар Маркази таълимӣ-методӣ ва мониторинги сифати таълим назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барои такмили ихтисоси мутахассисони Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон (МТКТ) тренинги шашрӯза баргузор гардид.
Дар тренинг 22 нафар мутахассиси МТКТ ва филиалҳои он аз шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент ва ноҳияи Рашт бо мақсади омӯхтани усулҳои интерактивии таълими калонсолон, бо диққати махсус ҳангоми омӯзиши шахсони дорои маъюбият ҷамъ омаданд.
– Дар раванди ин тренинги шашрӯза иштирокчиёни мо аз усулҳои фаъоли таълими инклюзивии калонсолон, ки бештар ба таълими касбии ашхоси маъюбиятдошта равона шудааст, огоҳ хоҳанд шуд, – мегӯяд директори иҷроияи ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» Дилбар Бақоева.
Тибқи барнома, дар муддати шаш рӯз иштирокчиёни тренинг оид ба усулҳои таълими калонсол ва ҷавонони дорои маъюбият, методикаи таълими ашхоси камшунавою ношунаво ва нақши забони имову ишора дар таълими калонсолон, имкониятҳои таълими касбии шахсони дорои нуқси босира ва ношунавоӣ, дастрасӣ ба омӯзиши касбии инклюзивӣ, усулҳои таълими шахсони нобино шинос шуда, як қатор омӯзишҳои амалиявиро иҷро карданд.
– Ба хотири дуруст омода кардани мутахассисони МТКТ ҳангоми кор бо ашхоси маъюбиятдошта, мо тасмим гирифтем дар баробари дарсҳои назариявӣ курсҳои амалиявиро низ дар барномаи тренингии худ ҷойгир намоем. Барои мисол, дар бахшҳои омӯзишӣ оид ба қаннодӣ, таъмиргари асбобҳои рӯзгор, гулпарварӣ ва занбӯри асалпарварӣ қисмати амалӣ низ ҳаст, ки ин имкон медиҳад иштирокчиён маълумоти гирифтаи худро боз ҳам мустаҳкамтар созанд, – зикр кард Дилбар Бақоева.
Қаннод аз намояндагии МТКТ дар шаҳри Душанбе Маҳбуба Ғафурова мегӯяд, ки дар муддати тренинги мазкур бисёр нозукиҳои кор бо ашхоси маъюбиятдоштаро аз худ карданд. «Бо одами ҷисман солим кор кардану омӯзондан осонтар аст, аммо таълими шахси дорои маъюбият махсусиятҳои худро доштааст, ки мо дар муддати ин шаш рӯз инро омӯхтем. Равандаи тренинг хеле хуб таҳия шуда ва дар баробари маълумоти назариявӣ, мо корҳои амалиявиро дар гуруҳҳои худ иҷро кардем, ки ин дониши моро боз ҳам мустаҳкамтар кард», – зикр кард ӯ.
Мавриди зикр аст, ки ин фаъолият дар доираи лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир» бо мусоидати молии Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати Федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд амалӣ мегардад. Лоиҳа аз тарафи Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон дар шарикӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии «Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» ва Созмони занони маъюб «Иштирок» амалӣ мешавад.