Президенти ИМА Доналд Трамп ва президенти Русия Владимир Путин сӯҳбати телефонӣ анҷом додаанд, ки дар ҷараёни он ҷонибҳо масъалаҳои муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла вазъи Укроинро баррасӣ карданд. Дар ин бора Трамп дар аккаунти худ дар шабакаи иҷтимоии Truth Social хабар дод.

Трамп гуфт, ки гуфтугӯ тӯлонӣ ва “хеле пурсамар” буд. Ду раҳбар ба мавзуъҳое чун Укроин, Ховари Миёна, энержӣ, ҳуши маснуӣ дахл карда, “қудрати доллар ва бисёр масъалаҳои дигар”-ро баррасӣ карданд.

Дмитрий Песков, котиби матбуотии Путин, тасдиқ кард, ки гуфтугӯ тақрибан якуним соат давом кард. Вай таъкид кард, ки мавзуъҳои баррасӣ барномаи ҳастаии Эрон, табодули асирон ва ҳамкориҳои Русияву Амрико буданд.

Трамп гуфт, ки ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои хатми ҷанг дар Укроин “фавран музокиротро оғоз кунанд”.  Ӯ навишт: “Мо мехоҳем аз марги миллионҳо нафар дар ҷанги Русия бо Укроин ҷилавгирӣ кунем”.

Песков дар навбати худ қайд кард, ки Путин бар зарурати аз байн бурдани сабабҳои аслии низоъ таъкид кард ва бо Трамп розӣ шуд, ки ҳалли дарозмуддат тавассути музокироти сулҳ имконпазир аст.

Сухангуи Кремл ҳамчунин гуфт, Путин омодагии худро барои истиқболи мақомоти амрикоӣ дар Русия, аз ҷумла онҳое, ки бо масъалаҳои Укроин сарукор доранд, изҳор кардааст, аммо аз таърихи мушаххаси оғози музокирот ёдовар нашудааст.

Пас аз сӯҳбаташ бо Путин Трамп гуфт, ки “ҳозир” бо раисиҷумҳури Укроин Владимир Зеленский тамос гирифта, аз натиҷаи сӯҳбат ӯро хабардор хоҳад кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь