Раисиҷумҳури Амрико Доналд Трамп қабл аз ин ки бо сарвазири Исроил Бенёмин Натанёҳу дидору мулоқот кунад, дастурамали сахтгирона бар зидди Эронро имзо кард ва гуфт “Ҷумҳурии Исломӣ набояд ба кишварҳои дигар нафт фурӯшад”.

Доналд Трамп 4-уми феврал дастурамалро имзо карду ҳамчунин, афзуд: “Умедворам ниёзе ба истифода аз ин гузина набошад, бояд дид, оё метавонем ба созиш бо Эрон бирасем, ё на”. Ӯ баъди имзои дастурамал дар посух ба суоли хабарнигорон дар хусуси ҳимояти Амрико аз Исроил барои ҳамла ба Эрон чунин гуфт: “Бояд бубинем, чӣ пеш меояд. Наметавонем иҷоза диҳем, Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад”.

Доналд Трамп гуфт, ки барои имзои ин дастурамал бисёр тардид дошт ва қабули ин қарор барояш бисёр сахт будааст. Президенти Амрико дар айҳи ҳол гуфт, ки бо Ҷумҳурии Исломии Эрон тамос хоҳад гирифт ва омодаи гуфтугӯ бо Масъуд Пизишкиён аст.

Дастурамали сиёсати сахтгиронаи Амрико бо мақсади ба сифр расонидани содироти нафти Эрон аст. Дар давраи қаблии маснади президентиаш Доналд Трамп бо ҳадафи ба сифр расонидани содироти нафти Эрон сиёсати сахтгиронаро ҷорӣ кард. Ин сиёсат ҳамаи роҳҳои содироти нафти Эронро мебандад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь