Президенти мунтахаби ИМА Доналд Трамп изҳори умедворӣ кард, ки ӯ метавонад дар давоми шаш моҳ низоъ дар Укроинро қатъ кунад. Вай дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ дар қароргоҳи худ Мар-а-Лаго (Флорида), ки тавассути Fox News пахш шудааст, изҳор дошт.

Тавре РБК хабар медиҳад, ба саволи рӯзноманигорон дар бораи ба охир расидани муноқиша дар Укроин, ӯ чунин посух дод: “Ман умедворам, ки дар давоми шаш моҳ. Умедворам, ки ин дар ин муддат имконпазир мешавад”.

Трамп бори дигар таъкид кард, ки агар дар Кохи Сафед, на раисиҷумҳури кунунӣ Ҷо Байден, балки ӯ мебуд, муноқишаи низомӣ миёни Русия ва Укроин оғоз намешуд. Вай гуфт, ки аз омодагии раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба муколама огоҳ аст, аммо тамосҳоро то маросими савгандёдкуниаш, ки 20-уми январ дар назар аст, рад кард.

Дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ Трамп дар бораи имкони ҳалли низоъ дар Укроин дар давоми 24 соат дар сурати раисиҷумҳури Амрико шуданаш сухан мегуфт. Дар Москва, чун дар Киев, ба ин гуна ваъдаҳо бо шубҳа муносибат мекарданд. Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков қайд карда буд, ки “ин як навъ муболиға аст”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь