Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон дар чорчӯби иҷлосияи 54-ми Комиссияи мубориза алайҳи гардиши гайриқонунии маводи мухаддир ва таҳкими ҳамкориҳо дар бахши мубориза бо он конфаронси байналмилалӣ ифтитоҳ ёфт.
Он таҳти сарпарастии СММ мегузарад. Дар он намояндаи Тоҷикистон низ ширкат дорад. Гуфта мешавад, ҳалли проблемаи мазкур бархурди дастаҷамъиро тақозо мекунад. зеро он ба саломатии одамон, амният ва барқарории субот таҳдиди ҷиддӣ дорад.
Иҷлосияи 54-ми СММ таҳти унвони мубориза ба муқобили гардиши гайриқонунии маводи мухаддир дар Ховари Наздик ва Миёна мегузарад ва то 27-уми сентябр давом мекунад
Мирасрор Аҳроров,
мухбири “Фараж”, шаҳри Тошканд
Блоки рекламавӣ