Бо ибтикори сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар яке аз майдони сабзу хуррами тарабхонаҳои бошукӯҳи шаҳри Тошканд 30-юмин солгарди касби истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд. Дар он аз Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, корпусҳои дипломатӣ, доираҳои адабӣ, марказҳои фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин расонаҳои гуногун вакилон ширкат карданд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода

Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон меҳмонони ҷашнвораро самимона хайрамақдам гуфт. Баъд монҳоро бо роҳи тайкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 30 соли касби истиқлол мухтасар ошно кард.

– Тоҷикистон ба истиқлоли худ ба осонӣ даст наёфтааст. Инчуни,н дар давраи баъди расидагӣ ба истиқлол ҳодисаҳои сахту сангинро паси сар кардааст. Дар ҳамаи ин давра Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо кишвари мо ҳамнавову ҳамнафас буд, -изҳор кард Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Тавре вай илова кард, Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои истиқлоли худ ба дастовардҳои бузург ноил шудааст, зиндагии мардуми он хеле осудаву фаровон гаштааст.

Ба гуфтаи Абдуҷаббор Раҳмонзода 127 миллиард сомонӣ, ё муодули 16 миллиард доллари ИМА, барои рушди стратегияи миллӣ ихтисос дода шудааст. Ин имкон фароҳам овардааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 122 барномаи давлатӣ дар амал татбиқ гардад. Инчунин маҳсулоти холиси дохилӣ нисбат ба соли 1991 ба чандин карат афзоиш ёбад.

-Ба дӯстиву рафоқати миёни тоҷикону ӯзбекон шахсиятҳои барҷастаи асри понздаҳуми мелодӣ  мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ асос гузоштаанд. Ин аз ҳар як фарди ҷомеаҳои мо тақозо менамояд, ки ба он садоқатмандона арҷ гузорем ва дар таҳкими дӯстии миёни ду халқу ду кишвар саҳми арзандаи худро гузорем,-изҳор намуд Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Вай зимни суханронӣ тавзеҳ дод, ки дар панҷ соли охир Ҷумҳурии Ӯзбекистон боз ҳам ободу зеботар мешавад. Дар муносибатҳои ду кишвари дӯсту ҳамҷавор имкониятҳои нав пайдо мешаванд, ҳамкориҳо вусъат меёбанд.

-Маҳз ба туфайли сиёсати хирадмандонаи ду симои бузурги мардуми тоҷику ӯзбек-мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев дӯстиву рафоқати миёни ду халқи бародар барқарор гардид, имкониятҳои зиёди ҳамкорӣ фароҳам омаданд, равуо беш аз пеш сода мегардад,-гуфт Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон қайд намуд, ки ду кишвар боҳам шарикони стратегӣ ҳастанд. Гузашта аз ин, олимону фозилонаш низ ба анъанаҳои гузашта ҳамеша содиқ мондаанд ва дар ҷодаи илму фарҳанг ва адаб ҳамкориҳои худро сол аз сол фарохтар месозанд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода дар охири суханронӣ иштирокчиёни маҳфилро бо ду санаи муҳим-30-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон  муборакбод намуд ва онҳоро ба гирди суфрае даъват кард, ки ба шарафи ин иди бузург хеле хуб ороста буданд.

-Тоҷикону ӯзбекон аз қадимулайём дӯсту бародаранд. Имрӯз ин дӯстиву бародарӣ боз ҳам доман густардаву мустаҳкам мешавад. Мо 30-умин солгарди истиқлолияти мамлакатамонро таҷлмл намудем. Акнун барои тоҷикистониён иди бузург дар пеш аст. Ба ин муносибат дар шахси ҷаноби сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода тамоми мардуми ин кишвари дӯстро бо ҷашни сисолагии истиқлолият муборакбод мегӯям. Дӯстиву рафоқати миёни ду халқ поянда бод!-гуфт ноиби нахуствазири ҷумҳурии Ӯзбекистон Беҳзод Мӯсоев.

-Дӯстиву рафоқат беҳтарин неъмат аст, ки ҳоло мо аз нашъаи он баҳра мебарем. Мо қатра ба қатра, ҷӯ ба ҷӯ дарё хоҳем шуд ва оби ин дарё барои шодоб гардонидани киштазорони ҳамин дӯстиву бародарӣ хидмат хоҳад кард. Ба намояндагӣ аз тоҷикони вилояти Фарғона 30-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тамоми мардуми ин кишвари дӯст самимона шодбош мегӯям.

Беҳуда Ҳофизи лисон-ул-ғайб ин байтро барои мо нагуфтааст:

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад,-иброз дошт раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Фарғона, шоир ва журналист Масъуди Мирзо.

-Моро низ сафорати Тоҷикистон барои ширкат дар ин базму тараб даъват намуд ва, тавре дар урфит мегӯянд, аз шаҳри бостонии Тирмиз “Пойро монда ба сар ба сӯи Тошканд давидем”,-гуфт раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Сурхондарё устод Рамазони Абдулло.

Вай афзуд, ки барои ин даъват ба ҷаноби сафир Абдуҷаббор Раҳмонзода ва кормандони ин сафорат арзи сипосу минатдорӣ баён мекунад. Ба таъкиди Рамазони Абдулло як муддат аз ҳам канда шудани робитаҳо ва қатъ шудани равуои миёни ду кишвар ҳамаро хеле нороҳат мекард. Хушбахтона, ин мушкилот бо сайъ ва эҳтимоми Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон бартараф гардид.

-Ҳоло вазъият ба ҳолати муқаррарии пештара баргаштааст. Ба сифати раиси тоҷикони вилояти Сурхондарё мардуми шарифи Тоҷикистонро аз номи тамоми тоҷикони вилоятамон бо иди 30-солагии касби истиқлолашон табрик мегӯям,-қайд намуд Рамазони Абдулло.

Тавре ки вай боз афзуд, ки имсол низ як гурӯҳи калони ҷавонони тоҷик ба факултаи филология дохил шуданд. Онҳо дар оянда мутахассисони забон ва адабиёти тоҷик мешаванд.

Ба таъкиди Рамазони Абдулло хатмкунандагони имсолаи гурӯҳи тоҷикии факултет аллакай дар муассисаҳои таълимии соири вилоятҳои ҷумҳурӣ ба кор шомил шудаву давраи фаъолияти омӯзгории худро оғоз намудаанд.

Ногуфта намонад, ки ҳар як базму маҳфилҳои фарҳангиву дӯстии мардуми тоҷику ӯзбекро бидуни таронаҳои ҷаззоб ва рақсҳои дилпазир тасаввур наметавон кард. Дар ин ҷашни бошукӯҳ аз шаҳри Бухорои шариф як гурӯҳ овозхонҳои варзидаи дастаи “Мавригӣ” бо сурудҳои худ ба иштирокчиёни ҷашни солгарди истиқлолияти Тоҷикистон шодиву нишот бахшиданд.

Дар ин базм яке аз шогирдони устод Ҷӯрабеки Мурод-зодаи ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона Раҳимҷони Шодмон низ иштирок кард ва бо таронаҳои марғуб ба дилҳо сурур бахшид. То дер рақсу суруд баҳам омехт ва шодиву тараб идома кард.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь