Дар сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон 24-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ бо шукӯҳи хос таҷлил гардид. Бо даъвати сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзод як гурӯҳ аҳли ҳунару фарҳанг ва адаб ва журналистони тоҷики муқими шаҳри Тошканд гирдиҳам омаданд.
Абдуҷаббор Раҳмонзод меҳмононро хайрамақдам гуфт ва афзуд, ки аз дидани ҳамаи онҳо дар ин рӯзи барои тоҷикон басо муҳим ва таърихӣ хеле хушҳолкунанда аст.

– Сафорати мо сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистонро дар ин кишвари дӯст пиёда карда, баҳри таҳкими риштаҳои дӯстиву рафоқати миёни ду халқ ва ду кишвари ҳамҷавор, тавсеаи муносибатҳои серсамту гуногунсоҳа талош ба харҷ медиҳад ва аз тамоми имкониятҳои мавҷуда фаровон истифода менамояд. Ҳамаи талошҳо ба он равона шудаанд, ки парчами дӯстиву бародарии ду халқ пойдору мустаҳкам бошад, – гуфт Абдуҷаббор Раҳмонзод.
Тавре сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон боз тазаккур дод, дар ин рӯзи барои мардуми тоҷик сарнавиштсоз ва таърихӣ ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба таври кӯтоҳ назаре хоҳад кард ва нақши Пешвои миллатро дар ин ҷода манзури иштирокчиёни ин маҳфил хоҳад намуд.
Ба гуфтаи Абдуҷаббор Раҳмонзод дар бораи муносибатҳои миёни ду кишвар, ташрифҳои сарони ду давлат ба кишварҳои ҳамдигар, натиҷаву паёмадҳои хуби он мешавад соатҳо ҳарф зад, зеро он барои наздик намудани халқҳои бародари тоҷику ӯзбек заминаи мусоид фароҳам овардааст.
– Ҳамаи шумо аз ташрифҳои қаблии раисониҷумҳури Тоҷикистону Ӯзбекистон ба кишварҳои ҳамдигар огоҳ ҳастед. Ташрифи Шавкат Мирзиёев-Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 10-11 июн, ки ба имзо намудани 35 санади ҳамкории миёни ду кишвар сабаб гардид, ин муносибатҳоро боз ҳам бештар таҳким бахшид. Умедворем, ки робитаҳои ду кишвари ҳамҷавору дӯст дар тамоми соҳаҳо беш аз пеш фарохтар мегарданд ва ба нафъи мардуми ду кишвар хидмат мекунанд,-изҳор кард Абдуҷаббор Раҳмонзод.
Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон таъкид варзид, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳудуди ҳафт миллиард доллари амрикоӣ ба кишвараш хисорот ворид намуд. Одамони зиёд рӯ ба муҳоҷират оварданд ва ҳатто баъзан одамон нони серӣ пайдо намекарданд, ки худ хӯранду аъзои хонаводаашонро хӯронанд.
-Дар бораи иҷлосияи таърихӣ, ки дар Қасри Арбоби Хуҷанд баргузор шуда, Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб кардааст, аксари шумо огоҳ ҳастед. Дар ин иҷлосия Нишон ва Парчами миллӣ қабул карда шуд. Мухолифин зиддият нишон медоданд, ки Тоҷикистон на ба роҳи нави интихобкардааш пеш равад, балки роҳи исломиро интихоб кунад. Аммо онҳо ба ин аҳдофи худ нарасиданд. Баъд қатлу куштор ва харобкориҳо шурӯъ гардиданд ва мардуми моро ба чаҳои сарвонӣ водор карданд,-мегӯяд Абдуҷаббор Раҳмонзод.
Вай афзуд, ки гурӯҳҳои тундгарову ифротӣ ғайр аз қатл ба таҷовузи занону духтарон сар карданд. Ҳол маҳз толибон ҳамон корро такрор мекунанд. Баъди иҷлосияи шонздаҳуми ҳукумати нав дар Душанбе таъсис ёфт ва оҳиста ба по хест.
– Тоҷикистон ҳамон рӯзҳо ба кишварҳои зиёд муроҷиат кардааст, ки дасти кумак дароз кунанд. Маҳз Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ин самт Тоҷикистонро дастгирӣ кардааст. Ҳамон вақт Эмомалӣ Раҳмон як ҳадафи асосиро пеши худ гузошта буд: Ман ба Тоҷикистону тоҷикон сулҳ меорам. Вай ҳафт маротиба ба Эрону Қазоқистону Русия ва амсоли он сафар намудаву барои барқарории сулҳу субот талош намудааст,-гуфт Абдуҷаббор Раҳмонзод.
Тавре ки вай зикр кард, кишварҳое, ки муҳиддин Кабирӣ ва пайравони ӯро дастгириву таъмини молӣ менамоянд, мехоҳанд, ки Тоҷикистон кишвари исломӣ бошад. Вай гуфт, бубинед, ки Афғонистон кишвари исломӣ аст, вале толибон боз мехоҳанд, ки ин кишварро ба даст дароранд ва қоидаҳои худро ҷорӣ кунанд.
– Аммо дидгоҳ ва нигоҳи дурусти халқи мо хилофи ин мақсадҳои муғризона баромад ва онҳоро хоинони миллат номид. Тавре ки Пешвои миллат мегӯяд, ҳамаро бахшидан мумкин, аммо хоин ва хиёнатро ҳаргиз бахшида намешавад. Мо барои он талош намудем, ки барқарории иқтисодӣ таъмин гардад. Аз созмонҳои молиявӣ қарзҳои дарозмуддат гирифтем ва бо 10 миллиард доллар барои барқарор намудани иқтисодиёт шурӯъ кардем. Ҳоло роҳҳои нав сохта мешаванд, корхонаҳо бунёд мегарданд, ҳаёт фаровон мешавад,-мегӯяд Абдуҷаббор Раҳмонзод.
Вай илова кард, ки татбиқи лоиҳаҳои зиёд дар самтҳои гуногун мусоидат намудааст, ки тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон рушду нумӯъ кунад. Ба таъкиди Абдуҷаббор Раҳмонзод имрӯз Тоҷикистон устуворона ба пеш гом мегузорад ва сол аз сол ободу зебо мешавад.
Ногуфта намонад, ки Абдуҷаббор Раҳмонзод дар бораи кумакҳои дӯстона ва бародаронаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, нақши Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон дар азсаргирӣ ва барқарор намудани робитаҳои миёни Тоҷикистону Ӯзбекистонро таъкид варзида, ибрози умедворӣ кард, ки ин риштаҳои дӯстӣ беш аз пеш мустаҳкам ва робитаҳо боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.

Дар фароварди таҷлили рӯзи Ваҳдати миллӣ Абдуҷаббор як гурӯҳ адибон ва фарҳангиёни тоҷики муқими Ӯзбекистонро бо нишонҳои давлатии Тоҷикистон сазовор гардонд. Дар байни онҳо Журналисти шоистаи Ӯзбекистон Маъруфи Отахонзод, шоир Паймон, нависанда Юнуси Имомназар низ шомил буданд.
Ба шарафи иди истиқолол мушоира баргузор гардид ва шоирони тоҷики ӯзбекистонӣ дар васфи ваҳдати миллии Тоҷикистон шеърҳои худро қироат намуданд. Ҳамчунин намояндагони аҳли адабу фарҳанги тоҷики Ӯзбекистон дар шахси сафири Тоҷикистон тамоми мардуми онро бо фарорасии иди Ваҳдат самимона муборакбод намуданд.
Баъд сари як пиёла чой суҳбату мулоқотҳо идома карданд.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд