Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон нисбати вафоти омӯзгори собиқадор ва шоири тоҷики муқими ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона Ҳамробойи Илҳом (Гадойбоев) изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Дар як номаи хоси сафорат бо имзои сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода омадааст, ки ин сафорат ба фарзандон, хешу таборон, дӯстон ва ҳамқаламони адиб ва омӯзгори шинохтаи ноҳияи Сухи вилояти Фарғона Ҳамробой Илҳоми Обиширӣ ҳамдардӣ баён менамояд.

“Илҳоми Обиширӣ дар миёни тоҷикони ноҳияи Сухи вилояти Фарғона яке аз чеҳраҳои шинохта ба шумор рафта, ба сифати омӯзгор ва мураббии ҳалиму меҳрубон ном бароварда буд. Вай баъди хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба деҳаи Обишир омада, ба касби муаллимӣ машғул мешавад.Дар давоми умри пурбаракати хеш вай шогирдони зиёдеро тарбия намуда, дар миёни коллективи омӯзгорон маҳбубияти хос пайдо карда буд. Ҳамзамон солҳои зиёд роҳбари махфили адабии мактабро бар дӯш дошт, ба шогирдонаш омӯзиши осори гаронбаҳои адабиёти тоҷику ӯзбекро тарғиб менамуд ва худаш низ ба навиштани шеър машғул буд”, омадааст дар номаи тасаллият.

Бино ба ин нома шеърҳои Илҳоми Обиширӣ дар мавзӯъҳои мухталиф эҷод шуда, дар рӯзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ нашр мешуданд. Дар аксари ашъори шоир мавзӯи Ватан, ватандӯстӣ, бозтоби манзараҳои табиати нотакрори кӯҳистони Сух ва водии Фарғона ҷойгоҳи намоёнро ташкил мекард.

“Махсусан, шеъру ғазал, рубоиву қасидаҳои шоир дар байни тоҷикони Ӯзбекистон шӯҳрати беандоза дошт. Шоири пурэҳсос дар қасидаи “Сӯхи ман” бо як меҳру муҳаббат ва самимияти беандоза дар бораи зебоии диёри зебоманзараш Сӯхи кӯҳистон сухан гуфта, онро ба хуршеди нурафшон, макони ориёнажодон, махзани ишқу паймон ташбеҳ медиҳад, аз фарзандони меҳнатқарини он, чашмасорони мусаффояш ёд мекунад”, зикр шудааст дар номаи сафорати Тоҷикистон дар Тошканд.

Дар пайи он аз баҳои баланди устод Лоиқ Шералӣ ба ашъори ғиноманди ин шоири ватандӯсту меҳрпарвар ёдоварӣ мегардад, ки Ҳамробойи Илҳомро яке аз шоирони ғиноисаро ё тарабангезсарои Фарғона муарифӣ карда буд.

“Бовар дорем, ки фарзандон, шогирдон ва ҳаводорони шеъри Илҳоми Обиширӣ ашъори парокандаи ӯро ҷамъ оварда, дар шакли як маҷмӯа чоп менамоянд ва рӯҳашро шод мегардонанд. Бо ин восита дафтари ашъори вай интишор гардида, дар хазинаи назми тоҷик ҷойи худро пайдо менамояд”, гуфта мешавад дар номаи хоси сафорати Тоҷикистон ва бори дигар ба наздикони пайвандони шоири тоҷики муқими ноҳияи Сӯх Илҳоми Обиширӣ тасаллият баён мегардад.

Мирасрор Аҳроров,

мухбири “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь