Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), ки 15-уми июни соли 2001 арзи вуҷуд кардааст, дар шаҳри Тошканд бистумин солгарди таъсиси худро ба таври васеъ таҷлил кард. Дар айни ҳол ҳашт давлат – Ҳиндустон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Чин аъзои ин созмонанд.

Дар маросими таҷлили 20-солагии СҲШ намояндагони идораҳои расмии Ӯзбекистон, сафирони ҷумҳуриҳои кишварҳои узви ин созмон, ки муқими Тошканданд, ҳамчунин намояндагони расонаҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ ширкат карданд.

Дабири кулли СҲШ Владимир Норов аз тариқи онлайн ба иштирокчиёни маросим дар бораи фаъолияти он маълумоти мухтасар ироа кард.

– Дар тӯли 20 соли арзи вуҷуд намудани худ СҲШ ба яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ табдил ёфт ва натиҷаҳои назаррасро дар соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ ба даст овард. Ин созмон ба эътирофи ҷомеаи васеи  байналмилалӣ низ сазовор гашт, – изҳор кард Владимир Норов.

Дар маросим директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Ҷумъахон Ғиёсов маърӯза кард. Бино ба  гуфтаҳои Ғиёсов  СҲШ 15 июни соли 2001 бунёд ёфтааст. Он дар қадами аввал ғайр аз Чину Русия чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистонро ба узвияти худ пазируфтааст.

Вай афзуд, ки самтҳои асосии фаъолияти минтақавии он, ки хеле муҳим шумурда мешаванд, аз тавсеа додани ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва фарҳангӣ, ҳамчунин гуманитарӣ иборат аст.

– Сохтори минтақавии зиддитеррори СҲШ, ки ҳоло мақараш дар шаҳри Тошканд қарор дорад, дар мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм корҳои зиёдро ба сомон расонидааст. Он аз чандин амалҳои террористӣ ҷилавгирӣ кардааст ва  фаъолиятҳояшро дар ин самт беш аз пеш тавсеа мебахшад, – иброз дошт Ҷумъахон Ғиёсов.

Рӯзи сешанбе Маркази дипломатияи мардумии СҲШ низ чунин чорабиниро роҳандозӣ кард. Директори он Қобилҷон Собиров гуфт, ки ин марказ барои густариши робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ, созмонҳои ҷавонон ва занони давлатҳои узви СҲШ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, тақвияти эътимоди миёни мардуми он ва алоқаҳои ҳамсоядорӣ нақши муассир мебозад.

– Мо аз роҳи ташкил намудани барномаҳои фарҳангӣ, илмӣ ва маърифатӣ, ивази таҷрибаҳо, ки дар форумҳо, намоишгоҳҳои санъати амалӣ, фестивалҳои мусиқӣ ва чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ифода ёфтаанд, ба ин ҳадафҳои худ ноил мешавем,-тазаккур дод Қобилҷон Собиров.

Вай афзуд, ки дар натиҷа алоқаҳо дар соҳаҳои фарҳанг, таълим, санъат, туризм, варзиш, тандурустӣ ва амсоли он густариш меёбанд ва доираи худро беш аз пеш фарохтар месозанд.

Ба гуфтаи ҳамоҳангсози миллии СҲШ, сардори Садорати Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон Раҳматулло Нуримбетов дар давоми 20 сол ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ тавонист дар баробари аъзои доимии худ ва кишварҳои нозир, 18 кишвари дигарро барои ҳамкорӣ дар атрофи худ муттаҳид намояд.

– Дар шаҳри Тошканд Маркази дипломатияи халқӣ таъсис додем, дар шаҳри Самарқанд ба Донишгоҳи байналмилалии туризм асос гузоштем, ки маҳз дар чаҳорчӯби СҲШ арзи вуҷуд намуданд. Ӯзбекистон ҳамеша тарафдори ривоҷ додани ҳамкориҳо мебошад. Дар баробари ин, ҷиҳати муборизаи беамон бо терроризм, бунёдгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ талошҳои зиёд ба харҷ медиҳад,-гуфт Раҳматулло Нуримбетов.

Дар ин чорабинӣ як қатор журналистон перомуни беҳбуди кори марказ, ташкили нашрияи муштараки кишварҳои узви СҲШ фикру пешниҳодҳои худро дар миён гузоштанд.

Гуфта шуд, ки дигаргуниҳои куллӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт тақозо менамоянд, ки кишварҳои узви ин созмони бонуфуз барои наслҳои имрӯза ва фардо шароити созгор фароҳам оваранд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь