Рӯзҳои 15-16 июли соли равон дар шаҳри Тошканд таҳти унвони “Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: вобастагии минтақавӣ. Таҳдидҳо ва имкониятҳо” конфронси байналмилалӣ баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора сухангӯи президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шерзод Асадов рӯзи душанбе ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Асадов масъалаи омодагирӣ ба ин конфаронс ҳафтаи равон дар як ҷамъомади хос баррасӣ мегардад, ки таҳти сарварии Шавкат Мирзиёев сурат хоҳад гирифт.

Шерзод Асадов дар робита ба он, ки дар Ӯзбекистон корҳои  таблиғотии пешазинтихоботӣ кай оғоз хоҳанд ёфт, чунин гуфт:

– Мо ҳайати ниҳодҳои демократии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Бюрои ҳуқуқи башари онро чанд маротиба ба ҳузур пазируфтем. Омода ҳастем, ки корҳои тайёрӣ ба интихоботи раёсатиҷумҳурро бар асоси меъёрҳои пешрафтаи ҷаҳон, билхоса, тибқи меъёрҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо баргузор кунем. Ба оғози ҷараёни пешазинтихоботӣ вақти зиёд боқӣ намондааст ва интизорем, ки киҳо ва кай номзадии худро ба ин мақом пешбарӣ хоҳанд кард.

Сухангӯи президенти Ӯзбекистон афзуд, ки пешбарӣ кардани номзад ба ин мақом ҳуқуқи конститутсионии ҳар як шаҳрванди кишвараш мебошад.

Ҳамзамон, Шерзод Асадов изҳор кард, ки як қисми кормандони дастгоҳи раёсатиҷумҳури Ӯзбекистон мавсими эмкуниро пушти сар карданд ва ин кор ҳоло идома дорад. Ба гуфтаи ӯ гурӯҳи аввал, ки аз шахсони синнашон аз 65 болост, ҳамчунин кормандони воситаҳои ахбор ва афроде тавассути яке аз се воксин эм карда мешаванд, ки ба ин ё он беморӣ гирифторанд.

– Худи ман низ марҳилаи аввали эмкуниро паси сар кардам, – гуфт Шерзод Асадов.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь