Пас аз он ки Озарбойҷон қаламрави дар тӯли 30 сол ишғолкардаро аз дасти Арманистонро баргардонд, муҳаққиқон ба ҷустуҷӯи маълумот дар бораи 4 ҳазор озарбойҷоние, ки дар даргириҳои солҳои 1988-1994 бедарак шуданд, аз ҷумла асирони ҳарбӣ ва 719 нафар ғайринизомӣ (326 пиронсол, 267 зан ва 71 кӯдак) шурӯъ намуданд.
Eurasia Review менависад, ки дар соли 1994, рӯзноманигори низомии амрикоӣ Томас Голтс таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки шаҳрвандони ба асирафтода дар хонаҳои арманиҳо вазифаи ғуломиро то он даме иҷро менамуданд, ки онҳоро бо асирони ҷониби дигар, ё бо маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ ва ҳатто бо ҷасадҳо иваз менамуданд. Маҳбусон аксар вақт бе тартиби муқаррарии қонуну адолат ба қатл расонида мешуданд, ҷасади онҳо таҳқир мешуд.
Левон Тер-Петросян, раиси собиқи Ҷумҳури Арманистон, аз посух ба дархости созмонҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ дар мавриди иттиҳом бар зидди Арманистон дар нақзи конвенсияи Женева дар ҷараёни муноқишаи Қарабоғ худдорӣ кард, зеро бо вуҷуди далелҳои зиёд оиди дастгирии сепаратистони Қарабоғ аз ҷониби Арманистон, ин кишвар гӯё исбот мекунад, ки дар он ширкат наварзидааст.
Яке аз чунин рӯйдодҳо ба марги ҳашт асири озарбойҷонӣ дар Ереван марбут буд. Ба Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх гузориш аз он расид, ки онҳо ҳангоми кӯшиши “фирор намудан” ба қатл расонда шудаанд. Ҷасадҳои онҳо дар баробари ҷасади ду сарбози дигар сабаби маргашон номаълум, ба Озарбойҷон оварда шуд. Ба гуфтаи Голтс, натиҷаи ташхис маълум кард, ки ҳафт нафари онҳо аз масофаи наздик кушта шудаанд: шаш нафар аз сар ва як нафар аз қафаси сина тир хурдааст; нафари ҳаштумро сар аз тан бурида ҷудо кардаанд, ду нафари дигарро гӯш буридаанд ва шиками як ҷасадро чок кардаанд. Чунин захмҳо дар одамоне, ки ҳангоми гурехтан ҳалок мешаванд, руй намедиҳанд, изҳор дошт коршиноси тиббии Бритониё, ки барои муоинаи ҷасадҳои қурбониён ба Боку омада буд. Вай тасдиқ кард, ки ин афрод шиканҷа шудаанд. Вақте ки далелҳои дахлдор ба Арманистон пешниҳод карда шуд, онҳо гуфтанд, ки асирон “даст ба худкушии дастаҷамъона заданд: замоне, ки ноком будани фирорашонро дарк кардаанд, онҳо аз посбон таппонча дуздиданд”.
Бояд тазаккур дод, ки аксари ҷиноятҳои содиркардаи миллатгароёни арманӣ аз ҷониби сиёсатмадорон, коршиносон ва расонаҳои ғарбӣ нодида гирифта шудаанд. Рӯзномаи ” The Washington Post ” навиштааст, ки яке аз аъзои кумиссиюни САҲА, ки аз ӯ дархост шудааст, дар бораи асирони озарбойҷонӣ ва эъдоми онҳо изҳори назар кунад, гуфтааст: “Ғавғову овоза оиди озарбойҷониҳои кушташуда барои сиёсати Вашингтон судманд нест”.
Голтс менависад, Амрико бар асари куштори озарбойҷониҳо парвое надошт ва онҳо мисли Россия майл ба сӯи Арманистон доштанд.
Диаспораи бузурги арманиҳо, бахусус дар Иёлоти Муттаҳида ва Фаронса, ба расонаҳо ва ҳукуматҳои ғарбӣ таъсири назаррас расонида, танҳо нуқтаи назари худро дар бораи мушкилоти ҳуқуқи башар баён карда, айбро ба гардани Озарбойҷон бор карданд. Дарёфт кардани мақолаҳои он замон, ки нақзи ҳуқуқи башарро алайҳи асирони озарбойҷонӣ аз ҷониби истилогарони арманӣ тасвир кунанд, бениҳоят душвор аст. Аксари маводҳо ба наслкушии фарҳангӣ ва таҳдиди тахриби мероси фарҳангии арманиҳо дар Қарабоғ марбут буда, дар бораи тахриби дастаҷамъии ёдгориҳои фарҳангӣ ва динии Озарбойҷон дар се даҳаи ахири ишғол чизе гуфта нашудааст.
The Economist ҳисоб кардааст, ки хароҷоти барқарорсозии ҳафт вилояти Озарбойҷон 15 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Озарбойҷон дар соли 2020 пас аз озод кардани хоки шеш аз истило бозёфти қабрҳои оммавии қурбониёни кушторро дар ин қаламрав идома медиҳад.
Дар баробари ин, наздикони бедаракшудагон ҷустуҷӯи онҳоро идома додаистодаанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба мақомоти Арманистон фишор оварад, то махфияти бойгониҳои худро ифшо намояд ва дар бораи 4000 озарбойҷонии гумшуда маълумот диҳад.