Ҳукумати Толибон ба дипломатҳои афғон дар СММ амр додааст, ки риш гузоранд, вагарна зиндонӣ мешаванд
Намояндагони Департаменти муовинат ва фазилати Толибон аз кормандони афғон дар Созмони Милали Муттаҳид дидор карда, ҳушдор доданд, онҳое, ки риши худро метарошад ё кӯтоҳ кунанд, ба зиндон хоҳанд рафт. Дар ин бора ба шабакаи моҳвораии мустақили Amu TV манобеи СММ хабар доданд, иттилоъ медиҳад Bild.
Ин аввалин иқдоми исломгароёни тундрав алайҳи фиристодаҳои ин кишвар дар СММ нест. Моҳи апрели соли 2023 онҳо кори занонро дар ин созмон манъ карданд.
Илова бар ин, Толибон бо қатъи интиқоли кӯмакҳо кори намояндагиҳои башардӯстона дар дохили Афғонистонро мушкилтар мекунанд. Ба ин далел, то кунан 72 лоиҳаи башардӯстона боздошта шуданд.
Блоки рекламавӣ