Созмони “Mission Lifeline” дар Олмон барои афроде, ки дар хатари эвакуатсия аз Афғонистон ҳастанд, маблағи дарёфти шиноснома ҷамъоварӣ мекунад ва қарор аст, барои хуруҷи онҳо шиносномаҳои заруриро ба ин ниҳод пешниҳод кунад, иттилоъ медиҳад хабаргузории олмонии Deutsche Welle.

Дар авоили моҳи октябр ҳудуди 2500 шаҳрванди Афғонистон, ки ваъдаи қабули Ҳукумати Олмонро гирифта буданд, мунтазири сафар ба ин кишвар буданд. Бар асоси гузориши маҳрамонаи DPA аз Вазорати умури хориҷаи Олмон, “Толибон” гурӯҳе аз кормандони собиқи давлатӣ ва нерӯҳои амниятӣ, мухолифони сиёсӣ ва намояндагони ҷомеаи маданиро дар Афғонистон “эъдом” кардааст.

Махсусан, дар шаҳрҳо ин гурӯҳи одамон аз «маҳдудияти сахти ҳуқуқу озодӣ»-ҳояшон шикоят мекунанд ва таъйид мекунанд, ки дар зери хатари интиқом карор доранд. Илова бар ин, ба гуфтаи Вазорати умури хориҷаи Олмон, гузоришҳо дар бораи кофтукоби хонаҳо, ҳабсҳои худсарона ва ғайб задани одамон вуҷуд дорад.

Аксел Стейер, муассис ва сухангӯи “Mission Lifeline” дар мусоҳиба бо Deutsche Welle мегӯяд, ки бо шумори зиёди афғонҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Олмон пазируфта шуда буданд, вале наметавонанд аз Афғонистон берун шаванд, дар тамос ва кумак аст.

Стейер қайд мекунад, вазъи ин одамон дар ҳафтаҳои ахир бадтар шудааст. Агар дар авоили моҳи октябр шаҳрвандони Афғонистон метавонистанд, бо асноди ғайр аз шиноснома ба Покистон сафар кунанд, нотаҳои хаттии Вазорати корҳои хориҷии Олмон кифоягӣ мекард. Аммо ба гуфтаи Стайер, Покистон дигар аснодро намепазирад ва мехоҳад, шиносномаи муътабари сафар дошта бошанд.

Аксел Стейер дархости кумаки молӣ ба шаҳрвандони Афғонистон, ки дар ҳоли хатар қарор доранд ва барои тарки ин кишвар ба шиноснома ниёз пайдо кардаанд, хабар медиҳад.

Созмони олмонии “Mission Lifeline” барои кумак ба шаҳрвандони дар зери хатар қарор доштаи Афғонистон хидмат мекунад. Ин созмон бо талошҳояш барои наҷоти муҳоҷирон дар Баҳри Миёназамин маъруф аст.

Меҳрофарин Наҷибӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь