КВД «Тоҷиксуғурта» фаъолияти кории худро дар ду шакл – суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрӣ амалӣ мегардонад ва аз рӯи 22 намуди суғурта ба аҳолӣ хизмат мерасонад.

Муовини аввали директори генералии КВД «Тоҷиксуғурта» Абдулло Абдуллоев имрӯз, 1-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз дошт, ки аз ҳисоби 22 намуди суғурта 13 намуд суғуртаи ҳатмӣ ва 9 намуд суғуртаи ихтиёрӣ будааст.

-Дар соли 2018 «Тоҷиксуғурта» бо 742 ҳазор 470 шахсони воқеию ҳуқуқӣ шартномаҳои суғуртавӣ бастааст, ки аз онҳо 54 ҳазору 994 адад шартномаи ҳатмӣ ва 687 ҳазору 476 адад шартномаи намудҳои ихтиёрӣ мебошанд,-гуфт Абдуллоев.

Тибқи маълумоти корхонаи мазкур, «Тоҷиксуғурта» дар соли гузашта нақшаи суғуртакунониро 107,1 дарсад иҷро кардааст.

Абдулло Абдуллоев гуфт, аз ҳисоби ҳама намудҳои суғурта ба ҷойи 30 миллиону 500 ҳазор сомонии ба нақша гирифташуда 32 миллиону 675 ҳазор сомонӣ ҳаққи суғуртавӣ ворид гардидааст, ки 2 миллиону 175 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Ҳамчунин гуфта шуд, аз маблағҳои ҳаққи суғуртавии умумии дар соли 2018 воридшуда 32,7 дарсад ба намудҳои ҳатмӣ ва 67,3 дарсад ба намудҳои ихтиёрии суғурта мансуб мебошанд, ки ин нишондиҳанда дар соли 2017 мутаносибан 33,8 ва 66,2 фоизро ташкил додааст.

-Ин нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ин давра Корхона бештар аз рӯи суғуртаҳои ихтиёрӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст,-гуфт муовини директори КВД «Тоҷиксуғурта».

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь