Шикоят аз  гарон будани нархи маҳсулоте, ки бо навиштаи “Тоҷикматлубот” дар кучаҳои шаҳр савдо мекунанд, зиёд аст. Ин ҳама дар ҳолест, ки ин ташкилот мебоист баҳри поён овардани нарх дар бозор рақобат кунад, аммо сокинон ҳамарӯза аз гарон будани маҳсулоти “Тоҷикматлубот” шиква мекунанд. Рӯзноманигор Шамсулло Фозилов моҳе қабл дар саҳифаи фейсбукиаш аз гарон будани нархи маҳсулоти ин ташкилот навишта буд, вале аз ҷониби масъулин ягон вокунише нашуд.

Зимни нишасти хабарии ин ниҳод, ки 7-уми феврал баргузор гардид, Ҳусейн Идиев ба ин ҳама савол ҷавоб гуфт.

“Ман ягон ваколат надорам, ки бо нархи арзон фурӯшам”, – ҷавоб гуфт Идиев.

Инчунин ӯ қайд кард, ки айни замон дар шаҳри Душанбе 10 мошини «Тоҷикматлубот» ба фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал машғуланд. Онҳо асосан маҳсулотро аз «Деҳқонбозор»-и шаҳри Душанбе дастрас ва баъдан ба мардум пешкаш мекунанд.

Дар ин баробар Ҳусейн Идиев қайд кард, ки онҳо ташкилоти ғайридавлатӣ ҳастанд ва ҳамаи мошинҳо роҳбар доранд. Вай вобаста ба нархгузории маҳсулоти «Тоҷикматлубот» гуфт:

“Андоз ва маоши кормандонро медиҳем ва аз руйи он нархгузорӣ мекунем».

Шаҳзода Ашуралиева

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь