Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон ба таври бесобиқа боло рафт ва дар ин баробар қурби доллари амрикоӣ нисбат ба сомонӣ кам мешавад.
Бонки милии Тоҷикистон барои имрӯз, 23 май, 1000 рублро ба 172 сомонӣ баробар кардааст. Аз ин пештар, болоравии рекордии қурби рубл нисбати сомонӣ охири моҳи феврали соли равон, пас аз оғози даргириҳои ҳарбӣ байни Русия ва Украина сабт шуда буд, ки он вақт 171,5 барои 1 ҳазор рубл дониста мешуд.
Дар ин баробар, қурби доллар ва евро дар лавҳаи Бонки миллӣ ноустувор аст. Барои имрӯз 1 доллар ба 12,10 сомонӣ ва 1 евро ба 12.78 сомонӣ баробар аст. Ҳафтаи гузашта 1 доллар 12,45 сомонӣ ва 1 евро 13,13 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза муқаррар шуда, барои баҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохти андоз, инчунин, ҳисоббаробарӣ кардани пардохтҳои гумрукӣ ва дигар ҳисобҳо истифода мешавад.